Нақшаи даъвати наваскарон: Душанбею Хатлон 100% иҷро кард
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи даъвати баҳории наваскарон ба хизмати ҳарбӣ давоми 50 рӯз 98 дарсад иҷро шудааст.
Тавре аз ин ниҳод, имрӯз, 23 май ба “Озодагон” иттилоъ доданд, давоми 50 рӯзи даъват тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва чаҳор ноҳияи Душанбе нақшаро 100% иҷро карданд. Иҷроиши нақша пеш аз муҳлат дар Душанбе, дар ҳолест, ки дар даъватҳои қаблӣ қариб аз ҳама охир иҷро мекард.
Ба иттилои манбаъ, натиҷаи даъват дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 89%, вилояти Суғд 99%, ноҳияҳои тобеи марказ 93%-ро ташкил медиҳад.
Даъвати баҳории ҷавонон ба артиш 1 апрел шурӯъ гардида, то охири моҳи май идома меёбад.