Эмомалӣ Раҳмон ба дидани шоу-барнома бо иштироки “беҳтарин овозхонҳо” меравад
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар “Шоу-барномаи фарҳангӣ” иштирок мекунад. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ба “Озодагон” хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ин шоу-барнома шоми имрӯз, 23 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷавонон баргузор мешавад: “Чорабинӣ соати 19:00 шурӯъ шуда, дар он беҳтарин овозхонҳои кишвар ҳунарнамоӣ мекунанд”.