Вазири Амороти Араб ба Тоҷикистон меояд
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Шайх Абдулло ибн Зойид ал Наҳён, вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд.
Тибқи иттилои ин ниҳод сафари Шайх Абдулло 25-уми майи соли равон дар назар аст.
Инчунин манбаъ афзуд, ки 20-24 майи соли 2017 ташрифи ҳайати Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмони Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон сурат мегирад.