Аввалҳои соли ҷорӣ нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ марзи 5 ҳазор доллари амрикоиро убур карда буд, ки нишондоди рекордӣ маҳсуб меёбад. Дар Тоҷикистон, ки пахта дар баробари алюминий маҳсулоти асосии содиротӣ мебошад, деҳқонон ба далели гаронии нархи он ва ёфтани даромади бештар майдони кишти онро 50 ҳазор гектар зиёд намуда, ба иттилои масъулини вазорати кишоварзӣ дар ҳудуди 210 ҳазор га пунба киштанд. Нақшаи ҷамъоварии пахтаро имсол деҳқонони тоҷик 22 ҳазор тонна барзиёд иҷро намуда, ҳудуди 412,5 ҳазор тонна тиллои сафед ҷамъоварӣ кардаанд. Аммо азбаски дар ҷаҳон ҳосили пахта имсол хуб шудааст, дар паи афзоиши пешниҳод нархи он коҳиш ёфта, деҳқони тоҷик аз фоидаи интизориаш маҳрум гардид.
Тибқи иттилои расмӣ имсол дар 10 моҳ ҳаҷми содироти пахта беш аз 152 миллион доллари амрикоиро ташкил додаст.