Эълони оғози Рамазон, ҳисоби закот ва ҳаҷми садақаи фитр
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, имрӯз, 22-юми май санаи оғози моҳи Рамазон, ҳаҷми закот ва садақаи фитрро муайян намуд.
Тавре аз Шӯрои уламо ба “Озодагон” иттилоъ доданд, моҳи шарифи Рамазон, аз 27-уми май оғоз мегардад.
Шӯрои уламо нисоби закотро 22 ҳазору 950 сомонӣ муқаррар намудааст: “Нафароне, ки дар хона аз 22 ҳазору 950 сомонӣ зиёд доранд, бояд аз он 575 сомонӣ закот диҳанд”.
Ба гуфтаи манбаъ садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз, барои касоне, ки тавоноии молии бештар доранд, 48 сомонӣ муайян шудааст: “Барои соҳибони узри шаръӣ, яъне пиронсолон ва нафароне, ки бо сабаб рӯза дошта наметавонанд, фидяи савм ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз, яъне ҳар рӯз 10 сомонӣ муайян карда шуд”.