Номаи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳасани Руҳонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Ҳасани Руҳониро барои пирӯзӣ дар интихоботи Ҷумҳурии исломи Эрон шодбош гуфтааст.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, дар ин нома аз ҷумла гуфта мешавад, “кишварҳои мо бо такя ба муштаракоти безаволи фарҳангиву таърихӣ то имрӯз муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои мухталифи ҳаёт ба роҳ мондаанд. Итминон дорам, ки мо бо саъю кӯшишҳои содиқонаи муштарак дар давраи ҷадиди раисии Шумо ҳамшарикии гуногунарсаи кишварҳоямонро таҳким бахшида, бар нафъи мардумонамон ба зинаҳои нави баландтар хоҳем бардошт. Ҷониби Тоҷикистон омода аст, дар ин ҷода бар асоси усулҳои эътирофгардидаи равобити байналмилалӣ - ҳусни тафоҳум, баробарҳуқуқӣ, некхоҳӣ ва эътимод ба ҳамдигар – дар оянда низ талош варзад”.
Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, Ҳасани Руҳонӣ 59 дарсади раъйи интихобкунандаҳоро ба даст овардааст. Ба тарафдории рақиби аслии ӯ – Иброҳим Раисӣ ҳудуди 39 дарсад овоз додаанд.
Руҳонӣ дар интихоботи се соли қабл (2013) бо 51 дарсади раъй пирӯз шуда буд. Ӯ акнун барои чор соли дигар мақомашро ҳифз намуд.