Ҷӯраев муваззаф шуд, бар ивази “Планетарий” расадхона бисозад (АКС)
Ягона “Планетарий” ё Афлокнамо дар Тоҷикистон, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд қарор дошт ва ахиран ба тахриби он шурӯъ карданд, дар канори шаҳри Хуҷанд аз нав бунёд хоҳад шуд.
Аз дафтари матбуоти шаҳри Хуҷанд ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, мувофиқи қарордоди маъмурияти ин шаҳр, раёсати маорифи вилояти Суғд ва соҳибкори инфиродӣ Аминҷон Ҷӯраев бар ивази “Планетарий” дар маҳаллаи 32-уми шаҳр бинои Расадхонаи муосир бунёд мекунанд: “Мақомоти маҳаллӣ соҳибкор Аминҷон Ҷўраевро вазифадор намудааст, ки баробари сохтмони таваққуфгоҳи нақлиётӣ ва маркази савдо, дар маҳаллаи номбурда расадхонаи наву муосирро бо 100 ҷойи нишаст дар масоҳати 600 метри мураббаъ сохта ба истифода диҳад”.
Манбаъ афзуд, зарурати бунёди таваққуфгоҳ дар ин мавзеъ, пеш аз ҳама барои танзим ва кам намудани шиддатнокии тамбашавии нақлиёт дар атрофи яке аз бузургтарин марказҳои савдои кишвар – “Панҷшанбе” аст: “Дар мавзеи номбурда 7 бозори фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум хўрока, молу амвол ҷойгир буда, зиёд гаштани теъдоди нақлиёти мухталиф ва нуқтаҳои хизматрасонӣ барои низоми ботартиби ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон дар яке аз роҳҳои асосии маркази вилоят хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ душворӣ эҷод намудааст”.
Бинои “Планетарий” дар наздикии бозори маъруфи “Панҷшанбе” ва масҷиди Шайх Муслиҳиддин қарор дошт. Он соли 1980 бунёд шудааст.
ТАРҲИ НАВИ РАСАДХОНА
НАВОРИ ШУРӮИ ТАХРИБИ "ПЛАНЕТАРИЙ"