ВИДЕО: Мулоқоти Э.Раҳмон бо Трамп, Ғанӣ, Мирзиёев, подшоҳи Саудӣ...
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 21-уми май дар ҳошияи Ҳамоиши сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бо Подшоҳи ин мамлакат Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ва сарони як қатор давлатҳои дигар, аз ҷумла Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, Валиаҳди Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад бин Зойид Оли Наҳаён, Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн Ҳамад бин Исо Олӣ Халифа ва Сарвазири Ҷумҳурии Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ мулоқот кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои олами Ислом рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкориро дар чаҳорчуби равобити дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам баррасӣ кардааст.