“Лоиқ танҳо ифтихори Тоҷикистон нест, балки ифтихори форсизабонони ҷаҳон аст” (АКС)
Имрӯз, 20 май дар Тоҷикистон зодрӯзи шаҳири тоҷик -- Лоиқ Шералӣ таҷлил мегардад.
Субҳи имрӯз гуруҳе аз донишмандон, дӯстдорони шеъри Лоиқ, устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт ва хонандаҳои мактабҳои миёна барои зиёрати оромгоҳи ин шоири маъруф ба Лучоб рафтанд. Муртазо Зайниддинов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз Лоиқ Шералӣ гуфт, ӯ ҳамеша дасту дили боз дошт, дар ҳалқаи дӯстон буд ва ҷудоиро намепазируфт: “Устод ҳамеша дар зиндагиашон, амалашон ва шеърашон ҷонибдори ваҳдату иттиҳод буданд. Барои ҳамин аз ҳар навиштаи устод бӯи ваҳдат меояд”.
Зайниддинов афзуд, бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи миллӣ ва фармони раёсати донишгоҳ соли дуюм аст, ки 20 май ҳамчун “Рӯзи Лоиқ” таҷлил мегардад.
Шоир Ҳақназар Ғоиб мегӯяд, дар замони Сомониён Рӯдакӣ ба як насли бузург мерос гузошт, дар замони муосир ин корро Лоиқи бузург анҷом дод. Муҳаммадризо Тоҷиддинӣ, шоири эронии муқими Душанбе ҳам гуфт, Лоиқ танҳо ифтихори Тоҷикистон нест, балки ифтихори форсизабонони ҷаҳон аст: “Ин як воқеият аст. Хеле шоирон ҳастанд, қабл аз ин ки худашон бимиранд шеърашон мурдааст, вале Лоиқ ба эътибори ин ки ҳузури физикӣ дар назди мо надорад, вале ҳузури руҳӣ, маънавӣ, отифии ҷовидона дорад”.
Ӯ Лоиқро шоири ваҳдатсаро, инсонгаро, адолатхоҳ унвон кард ва афзуд, “ин хусусият дар шеъраш барҷаста ва мушаххас аст”.
Лоиқ Шералӣ 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Соли 1965, дар 24-солагӣ, ба туфайли шеъри маъруфи “Ба модарам”, бо тавсияи бевоситаи устод Мирзо Турсунзода ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст. Лоиқ Шералӣ солҳои 1963-1965 муҳаррири шӯъбаи адабиёт, мусиқӣ ва драмаи Кумитаи радиову телевизиони Тоҷикистон, 1965-1966 ходими адабии рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон", солҳои 1967-1975 мудири шӯъбаи назми маҷаллаи "Садои Шарқ", солҳои 1975-1991 мушовири назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири "Садои Шарқ" ва аз соли 1991 то рӯзҳои охири умраш раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ буд. Ӯ 30 июни соли 2000 соати 12 бар асари бемории сактаи мағзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид.
Аввалин гулчини ашъораш "Сари сабз" соли 1966, бо таҳриру раҳнамойӣ Сотим Улуғзода аз чоп баромадааст. Баъдан ашъори Лоиқ мунтазам дар авроқи матбуоти даврӣ, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва китобҳои "Илҳом" (1968), "Нӯшбод" (1971), "Соҳилҳо" (1972), "Ташнадил (ба хати ниёкон, 1974), "Хоки Ватан" (1975), "Резаборон" (1976), "Марди роҳ" (1979), "Варақи санг" (1980), "Хонаи чашм" (1982), "Рӯзи сафед" (1984), "Хонаи дил" (1986), "Офтобборон" (1988), "Дасти дуои модар" (1991), "Ҷоми саршор" (1991), "Ману дарё" (1991), "Аввалу охири ишқ" (1994), "Гулчине аз ашъори устод Лоиқ Шералӣ" (Теҳрон, 1994), "Дасти дуои модар" (Исфаҳон, 1995), "Фарёди бефарёдрас" (1997, 2003), "Рӯҳи Рахш" (Теҳрон, 2000), "Куллиёт" (2001, 2008), "Ангораҳо" (2001), "Мунтахаби ашъор" (2004), "Девони дил" (2007), "Девони пирӣ" (2008), "Девони замон" (2011), "Саду як ғазал" (2013), "Илҳом аз "Шоҳнома" (2014) ва ғайра ба дасти чоп расидаанд.