Бунёдгузори WikiLeaks гуфт, фаъолияти сомонааш идома хоҳад кард
Ҷуллиан Ассанж, бунёдгузори WikiLeaks эълон кардааст, сомона ба кори худ идома хоҳад дод. WikiLeaks бо пахши номаҳои махфии хадамоти дипломатии Амрико маъруф аст.
Ассанж баъди он ки додситонии Шветсия рӯзи ҷумъа эълон кард, таҳқиқи ибтидоии парвандаи ӯро дар заминаи таҷовуз ба номус қатъ мекунад, ба хабарнигорон гуфт, сомона ба нашри санадҳо идома медиҳад. Ӯ ки аз айвони Сафорати Эквадор дар Лондон суҳбат мекард, изҳор дошт: “Имрӯз пирӯзии хосе барои ман аст… Аммо ин аввали роҳ аст, ҷанги ҳақиқӣ дар пеш аст”.
Ҷуллиан Ассанж соли 2012 аз таъқиби додгоҳи Шведсия ба сафорати Эквадор дар Лондон паноҳ бурд ва 5 сол дар бинои сафорат зиндагӣ дорад. Ассанҷ иттиҳоми додситонҳои Шведсияро ҳамеша рад мекард. Ба иддаои вай дар сурати бозгашт ба Шведсия мақомоти ин кишвар ӯро ба Амрико истрдод мекунанд. Вашингтон Ассанжро барои фош кардани санадҳои маҳрамонаи давлатӣ ба ҷавобгарӣ кашидан мехоҳад.
WikiLeaks дар бораи Тоҷикистон ҳам чанд санад нашр кард. Аз ҷумла моҳи июни соли 2015 номаҳои марбут ба Тоҷикистону Арабистони Саудиро нашр намуд, ки ба иддаои сомона, солҳои 2011-2012 навишта шудаанд.