Интихоботи Эрон: Руҳонӣ пешсаф аст
Баъди шумориши 37 миллион раъй Ҳасан Руҳонӣ, раисҷумҳури амалкунандаи Эрон пешсафи интихоботи рӯзи гузашта аст. Дар ин бора пойгоҳи хабарии Рейтер бо такя ба манобеи худ хабар додааст.
Хабаргузорӣ менависад, баъди ҳисоби 37 миллион варақаи овоздиҳӣ Руҳонӣ 21,6 миллион раъй гирифтааст. Овозҳои Иброҳим Раисӣ 14 миллион гуфта мешаад.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло ҳамагӣ бозшумории 4 миллион баргаи раъй боқи мондааст.
Ҳавзаҳои интихоботӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дарҳои худро ба рӯи раъйдиҳандаҳо субҳи ҷумъаи 19 май боз карданд. Барои курсии раисҷумҳурии Эрон президенти амалкунанда Ҳасан Руҳонии 68-сола, вазири пешини саноат Мустафо Ҳошимии 70-сола, собиқ вазири фарҳанг Мустафо Мирсалими 70-сола ва додситони собиқи Эрон Иброҳим Раисии 50-сола мубориза мебаранд. Аммо коршиносон аз қабл ҳадс мезаданд, ки шонси Руҳонӣ ва Раисӣ бештар аст.