Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз агентии мазкур хабард доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Шоҳигарии Шветсия ва Тоҷикистон дар кори мубориза бо маводи мухаддир, пешгирии нашъамандӣ ва таҳкими иқтидори маркази матбуотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Генерал Назаров дар бораи вазъи вобаста ба мухаддирот дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маълумот дода, оид ба чораву тадбирҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир меандешад, инчунин ташкили ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо ҳамкасбони худ аз дигар кишварҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор маълумот ироа кард. Ҷаноби Олсон дар навбати худ қайд намуд, ки ҳукумати Шветсия дар масъалаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа ва бахусус дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад. Вай аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин самт фаъолияти самарабахш доранд. Ҳукумати Шветсия дар оянда низ ният дорад аз роҳе, ки Тоҷикистон дар самти мубориза бо маводи нашъадор интихоб кардааст, пуштибонӣ намояд. Дар поёни дидор Ҳанс Олсон бо шароити нигаҳ доштани маводи мухаддир, фаъолияти маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва ташхиси суди агентӣ ошно шуд,-афзуд манбаъ.