Иршод СУЛАЙМОНӢ
Ҷомеаи Тоҷикистон дар марҳалае қарор дорад, ки мешавад онро марҳалае байни арзишгаройӣ ва намошкорӣ номид: гиройишҳо ба намоишкорӣ бештар аст.
Зоҳиран ҳукуматдорон дар сатҳи баланд аз як ҳукумати арзишгарой суҳбат мекунанд, вале он чи дар воқеияти рӯзгори мо мегузарад, намоишкорист. Ин аст ки бояд тафовут ва бартарии арзишгаройиро ба намоишкорӣ гуфт.
Арзишгаройӣ, арзишмеҳварӣ ва ё арзишмадорӣ (valuism) дар ҷомеашиносӣ садоқат ва пойбандии ҳукумат ва ҷомеаро ба масоиле дар бар мегирад, ки барои рушди давлату миллат муҳиммияти арзишӣ доранд. Масалан агар ба таври содда ҳарф занем, ҳоло кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳуқуқи инсонро “арзиши олӣ” эътироф кардаанд, вале дар ин кишварҳо арзише, ки ҳеч эътибор надорад ҳуқуқи инсон аст. Ин хилофи арзишмадорӣ аст ва ин гуна ҷомеаҳо, ки бештар намоишкоранд, дер ё зуд “ҳусну қубҳ”-и намоишҳо бармалло мешавад.
Ҳукуматҳои арзишмадор мавзӯъ ва ё масъалаҳоеро, ки барои худ арзиш эътироф кардаанд ва ё хондаанд дар давоми мавҷудияти худ талош мекунанд, он масъаларо аз як мушкил ба арзиш табдил диҳанд. Арзишгаройии давлат ё ҳукумат тафаккури арзишгаройиро дар ҷомеа ба вуҷуд меоварад, ки ин гуна тафаккур қобилияти беҳбуд бахшидани ҳамаи фаъолиятҳоро бештар мекунад. Мутаасифона Тоҷикистон як кишвари арзишгарой нест ва ҳукумат ҳам то кунун натавониста, ки худро як ҳукумати арзишмадор рӯнамоӣ кунад. Ҳоло ҳукумати мо аз боло ба поин ва аз поин ба боло бештар хосияти намоишкориро дорад ва бештари корҳо, ҳатто корҳои ҷидии сатҳи милливу давлатӣ ба гунаи “косметикӣ”, бидуни тадқиқу баррасиҳои ҷиддӣ анҷом дода мешаванд.
Аксари ҳукуматҳои номуваффақ ҳукуматҳои намоишкоранд. Ин назарияро 100 бор ҳам озмоиш кунем, дуруст мебарояд. Дар таърих ин гуна мисолҳо зиёд аст ва имрӯз ҳам ҳукуматҳои намоишкор бештар ба таблиғи кору кардаҳои худ даст мезананд, то он ки дигарон кору кардаҳои онҳоро бибинанд ва эътироф кунанд.
Дар мо ҳам намоишкории ҷомеа ба ҳадде расида, ки масъалаҳои арзишиву роҳбурдии давлат дувумдараҷа шуда, бештар атрофи масъалаҳое идеологисозӣ мешавад, ки аз нигоҳи илмӣ ва фикрӣ барномавӣ нестанд ва дар дарозмуддат ба дарди кишвару миллат намехуранд. Дар донишгоҳҳо ҳамасола ҳудуди то 30 фоизи донишҷӯён ба корҳои намоишӣ бурда мешаванд ва онҳо маҷбуранд ҳам дар гармои тобистону ҳам дар сармои зимистон ва ё боронҳо баҳору тирамоҳ аксе ва ё рамзе дар даст дар майдонҳо ва ё макони ҷашну идҳо бидаванд. Ман, ростӣ намедонам ин ҳама беҳудакорӣ чӣ маъно дорад? Ё ба истилоҳи маъмул ин “намоишҳои театрикунонидашуда” чӣ мазмуне ва паёме барои мардум ва ҳатто худи тамошобинҳои ҳамон ҷашнҳо доранд?!
Ё истиқбол аз Президенти кишвар ҳам дар кишвар ба як сабқати шаҳру навоҳӣ табдил шудааст ва ҳар шаҳре талош мекунад, ки аз дигар шаҳру навоҳӣ хубтар ва сазовортар бо корҳои намоишӣ раҳбари давлатро пешвоз бигиранд. Ҳатто аз маркази кишвар лавозимро барои дуруст кардани саҳнаву маконҳои намоишӣ мебаранд. Ҳамаи ин ба чӣ хотир бошад? Ҳоло он ки аз ҳузури Президент бояд истифодаи дуруст кард ва мушкилу проблемҳое, ки дар ҳамон шаҳру навоҳӣ вуҷуд доранд бояд ба самъи раҳбари давлат расонда шаванд, то масъулин аз ҳузури Президент шармида масъулиятҳояшонро иҷро кунанд. Вале сол аз сол ин гуна саҳнаҳо бештар бо лаҳзаҳое оро дода мешаванд, ки бештар ба Президент хушомад мезанаду касе аз мушкил ҳарф намезанад.
Вале ҳамагии мо медонем, ки то ҳукумат ба арзишгаройӣ ва ё арзишмадорӣ ҷомеа ва мардумро қаноат надиҳад тафаккури арзишгаройӣ ҳосил намешавад ва худи ҳукумат ҳам ҳукумати муваффақе эътироф намешавад. Корҳои намоишӣ дар назари аввал ва дар кӯтоҳмуддат ба руҳияи авом таъсири мусбате мегузоранд, вале чун “парда дарафтад” ва пушти парда зоҳир шавад ин таъсир аз миён меравад.
Ҳамин “қапоқап”-ҳои мансабдорони сатҳи баланди Оҷонсии зиди фасод нишон дод, ки пушти парда корҳо ба шакле нест, ки дар ҳисоботу гузоришҳо пешниҳод мешавад. Мо ҳамеша дар ҳисоботи мубориза бо фасод медидем, ки аз сатҳи кори ин ниҳод хулосаҳои мусбат пешниҳод мешуд, вале ҳоло маълум шуд, ки ин ниҳод худ ба як макони фасоду сарватғундорӣ табдил шудааст. Яъне, намоишкорие ки мешуд ба воқеияти рӯзгор мувофиқат намекунад. Ҳоло ин дар як ниҳод ва он ҳам се чор мансабдор. Агар корҳои намоишкории тамоми ниҳодҳо санҷида шавад ва мансабдорони намошкорро бишносем, пас воқеияти пушти парда барои ҳама ошкор мешавад ва он гоҳ такроран хоҳем фаҳмид, ки мо бояд думболи масъалаҳои арзишӣ бошем.
Бояд худи ҳамин мубориза бо фасод ва даст кашидан аз мансабдорони фасодкорро ба як арзиш табдил дод. Мисли ҳамин масъалаҳои зиёде ҳаст, ки бояд ба арзиш табдил дода шаванд ва ҳукумат ҳам талош кунад, ки ба ин гуна масоили арзишӣ арзишмадорона бархурд намояд. Дар ҳар сурат ҳеч ҳукумат ва ҷомеаи намоишкоре муваффақ нашудааст ва кайфияти намоишкорӣ бисёр кам аст.
Хубтар аст, ки ҳукумат аз намоишкорӣ даст бикашад ва барои арзишмадор шудан талош кунад то дар дарозмуддат ба нафъи ҷомеа тамом шавад. Ин намоишкорӣ ҳамон изофанависии маъмул дар Шӯравист, ки натиҷаи онро ҳама хуб медонад.