Созиши Душанбе ва Бишкек барои табодули иттилоъ дар бораи террористон
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар мулоқот бо ҳамтои қирғизаш Индира Ҷолдубоева дар мавриди ҷилавгирӣ аз танишҳои марзӣ ва табодули иттилоъ дар бораи террористон созиш кардаанд.
Дар ин бора мақомоти додситонии Қирғизистон хабар дода, афзудаст, ки тавофуқ зимни мушовараи муштараки мақомоти додситонии кулли ду кишвар дар шаҳри Гулистон ҳосил шудааст.
Манбаъ афзуд, ҷонибҳо барои ташкили як гуруҳи доимамалкунанда тавофуқ кардаанд, ки бояд ба табодули иттилои оперативӣ дар мавриди шахсон ва ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ машғул шавад. Мақомоти додситонии ду кишвар инчунин хостори ҳалли ҳарчи зудтари масоили марзӣ шуда, созиш кардаанд, ки байни додситонҳои навоҳии наздимарзӣ тамоси доимии корӣ роҳандозӣ гардад.