Душанбе ғолибони Ҷоизаи мусиқии Бобро 27 май маълум мекунад (АКС)
14 сарояндаи ҷавон ба даври финалии Ҷоизаи мусиқии Боб дар Тоҷикистон роҳ ёфтанд. Исми ғолибон 27 май дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон эълон мешавад.
Ҷоизаи мусиқии Боб бо ибтикори Маркази фарҳангии “Бохтар” (Бактрия) ва Сафорати Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Масъулини ин марказ, имрӯз, 19 май бо баргузор намудани як ҳамоиш гуфтанд, даври интихобии озмун аз моҳи декабри соли 2016 то моҳи феврали соли 2017 идома дошт. Дар ин озмун ҷавонони синни 16 то 25-сола ҳаққи ширкат доранд. Бар асоси шарти озмун онҳо навори хонандагии худро ба мубтакирон ирсол намуданд ва аз миёни теъдоди зиёд, ки аз ҳар гӯшаи кишвар будаанд, танҳо 14 нафар ба даври ниҳойӣ роҳхат гирифтааст: “Даври финалӣ соати 17:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон оғоз мешавад. Финалистон дар жанрҳои гуногун ба таври зинда тарона иҷро мекунанд. Даромад ройгон аст”.
Ба ҳайати гуруҳи кории Ҷоизаи мусиқии Боб Ҳю Филпот, сафири Бритониё дар Тоҷикистон, Патришиа Вивиерс Картер, директори Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Лучиа Елми, сардори намояндагии ЮНИСЕФ шомиланд. Ҳайати ҳакамон аз Афзалшоҳ Шодиев, Иқбол Завқибеков, Парвин Юсуфӣ, Таҳмина Рамазонова, Беҳрӯз Зеваров ва Ҳю Филпот иборат аст.
Ҳю Филпот, сафири Инглистон дар Душанбе дар ҳамоиши имрӯз гуфт, озмун ба хотири гиромидошти Боб Левирингтон, вазири пешини Рушди байналмилалии Бритониёи Кабир, ки ба мусиқии тоҷик алоқаи хоса дошт, созмон ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи асосии озмун кашф ва дастгирӣ кардани истеъдодҳое дар саросари Тоҷикистонаст, ки қобилияти эҷод кардани суруд бо усулҳои гуногунро доранд: “Ин ташаббус имкон медиҳад, ки фазои эҷодкории Тоҷикистон рушд ёбад, ба ҷавонон илҳом бахшад ва фарҳангу маданияти тоҷиконро ба ҷаҳониён намоиш диҳад”.
Сафир афзуд, ин иқдом ҳамчунин метавонад анъанаҳои мухталифи мусиқавии тоҷикро аз хатари нестшавӣ муҳофизат намояд.