Воридоти асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон баъди авҷаш дар моҳҳои сентябру октябр одатан тайи моҳҳои ноябр декабр коҳиш меёбад.
Махсусан, имсол дар паи моҷароҳои ахир миёни Русия ва Тоҷикистон воридоти асъори хориҷӣ камтар шудааст. Ин нуктаро дар сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон», Мирзомуддин Мавлонов, директори департаменти танзими асъори Бонки миллии Тоҷикистон изҳор дошт. Ба гуфтаи Мавлонов вақтҳои охир дар паи номӯътадилии арзиши евро ва рубл дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ба доллар зиёд шудааст. Аммо Мавлонов таъкид кард, ки айни ҳол дар бозори нақди Тоҷикистон вазъ мӯътадил буда, болоравии қурб ва камбуди доллар мавҷуд нест. Бонки миллӣ ҳамарӯза ба бозор асъори хориҷӣ ворид карда истодааст.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ айни ҳол қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ҳудуди 4,835 – 4,855 сомониро ташкил медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки аввалҳои моҳи ноябр дар паи маҳбасӣ шудани халабонҳои ширкати «Ролкан» дар Қӯрғонтеппа, дар Русия муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба мушкилоти дарёфти иҷозатнома барои кор, ва таъқиб аз ҷониби мақомоти Русия рӯ ба рӯ шуданд. Ин дар ҳолест, ки маблағи ирсолнамудаи муҳоҷирон такягоҳи марказии иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъминкунандаи бозори нақд бо асъори хориҷӣ маҳсуб мегарданд.