ВКД: Донишҷӯёни “Тойота камри”-савор писарони мансабдору сарватмандонанд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон чанд ҳолати бо мошинҳои гаронарзиш ба донишгоҳ рафтани донишҷӯёнро ошкор кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, донишҷӯёни мошинсавор писарони мансабдорон ва сарватмандон ҳастанд.
Вазорат дар як гузориши телевизионӣ донишҷӯён ва мошинҳои шахсии онҳоро намоиш дод, аммо исми волидони онҳоро эълон накард. Аз ҷумла Акбарҷон Орипов ва Азиз Достиев, ки донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ будаанд ва бо “Тойота камри” ба донишгоҳ омадаанд. Ба иттилои ВКД нисбати фарзандони мансабдорон барои ин амалашон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Гузоришҳо дар бораи ошкор шудани донишҷӯёни мошинсавор баъди он нашр мешавад, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз риоя нашудани қонунҳои “танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” изҳори нигаронӣ кард. Ӯ 13 май дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон гуфт, “ман супориши қатъӣ додам, ки мансабдорон ва хизматчиёни давлатие, ки муқаррароти қонунро риоя намекунанд ё фарзандонашон ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, аз ҷумла ба муассисаҳои таълимӣ бо мошини шахсӣ мераванд ё қоидаҳои ҳаракатро дар роҳҳо вайрон менамоянд, аз вазифа озод карда мешаванд”. Раисиҷумҳур таъкид намуд, “аллакай чанд нафар сабукдӯш карда шуд ва таъкид менамоям, ки назорат дар ин самт минбаъд низ ҷиддӣ мешавад”.
Акс аз гузориши телевизионӣ