Ҳолнома: Олимов Розиқ Салимович (Абдураззоқ Салимзода) 24-уми марти соли 1963 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи рақами 10-и ноҳияро хатм карда, фориғуттаҳсили факултаи филологияи тоҷики УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) дар соли 1991. Хизмати ҳарбиро дар ҳайати нерӯҳои низомии ИҶШС дар қаламрави Афғонистон (1981-1983) адо намудааст
Фаъолияти меҳантиашро дар соли 1985 ба ҳайси челонгар ва баъдтар ба симмати хабарнигори рӯзномаи «Бофанда»-и корхонаи нассоҷии Душанбе шурӯъ карда, соли 2002 барои кор ба нашрияи ҲХДТ- «Минбари халқ» даъват гардид. То сентябри 2011 дар ин ҳафтанома котиби масъул шуда кор мекард. Аз сентябри 2011 то дами маргаш вазифаи котиби масъули рӯзномаи «Садои мардум»-ро ба зимма дошт.
Бо ифтихорномаи «Президиуми Шӯрои Олии СССР» ва якчанд нишону медалҳо ҳамчун сарбози интернатсионалист қадрдонӣ шудааст. Узви ИЖТ ва Конфедератсияи байналмилалии журналистон буд.
Рӯҳат шоду манзили охиратат обод, ҳамқалами азиз!