Тағйирот дар қонун: 20-сола метавонад раис шавад
Ҷавонон аз синни 20-солагӣ метавонанд, дар мақомоти худидораи шаҳраку деҳоти Тоҷикистон раис интихоб шаванд.
Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 18-уми май бо қабули тағйирот ба қонун дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот иҷозат дод, ки ҷавонон аз 20-солагӣ ба мақоми раисӣ интихоб шаванд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан бо қабули тағйирот ба Конститутсияи Тоҷикистон синни довталабон ба мақоми президентӣ аз 35 ба 30 поин фароварда шуд.