90 000 сомонӣ ба се маҳаллаи беҳтарини Суғд
Дар шимоли Тоҷикистон озмуни вилоятии “Маҳаллаи беҳтарин” роҳандозӣ шудааст. Ғолибони се зинаи аввал дар маҷмӯъ соҳиби 90 ҳазор сомонӣ хоҳанд шуд.
Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳадафи ин озмунро “муайян намудан ва баҳо додан ба корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, гулзоркунӣ, сохтмону таъмири иншооти иҷтимоӣ, роҳҳои маҳҳалӣ, таъминот бо оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят” гуфтааст. Озмуни “Маҳаллаи беҳтарин”, ки ба 25 солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, то 1 ноябри соли 2017 идома хощад кард.
Манбаъ мегӯяд, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои вилоят, ободонӣ, бунёдкорӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон аз дигар ҳадафҳои ин сабқат аст. Ғолибон бо Шаҳодатнома ва маблағҳои пулӣ қадр хоҳанд шуд. Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд мегӯяд, ба ғолиби ҷойи аввал 50 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 30 000 сомонӣ ва ғолиби зинаи сеюм 10 000 сомонӣ тақдим мегардад.