“Амри маъруф”-и Абдуқаҳҳор ба “фанатик”-ҳои фаъолу зиёиёни хомӯш
Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, бо нашри як матлаб аз фаъолии “фанатик”-ҳои нимаколасаводнок ва хомӯшии зиёиёни тоҷик дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук интиқод кардааст.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор, бо нашри изҳорот дар сафҳааш дар Фейсбук изҳор доштааст, ки “фанатик”-ҳо дар ин шабака минбарро аз зиёиён гирифтаанд: “Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан Фейсбук як зумра нимаколасаводфанатикҳо корбаранд, ки тақрибан ин минбарро аз равшанфикрону зиёиён гирифтаанд. Мабодо як ҳарфе риндона гӯйӣ, ё дар мавзӯе изҳори назар намоиву сари бемағзашон қабул накунад монанди галласагони ваҳшӣ ё кафторон "ҳуҷум" мекунанд. Онҳо ба дилхоҳ ош, ош қатиғ ва ба дилхоҳ суҳбат ҳамроҳ шудаву насиҳату васият ва ҳатто таҳдиду такфир менамоянд”.
Оқои Абдуқаҳҳор мисол овардааст, ки рӯзи гузашта дар бораи Авастову Зардушт , ки таъриху фарҳанги пурифтихорамон аст, маълумоте доду аз ҷониби “фанатик”-ҳо “борон”-и таҳқиру маломат ба сараш рехт: “Инҳо, ки “Қоидаи бағдодӣ”-ро ғоибона ва бо ҳуруфоти кириллӣ “хатм” кардаанд, ҳатто аз номи шариат фатво медиҳанд. Аҷобаташ боз дар он аст, ки 24 соат дар шабакаанду намедонам кай масҷид мераванду кай намоз мехонанду кай ниёиш мекунанд. Кофарро мазаммат мекунанду ихтирои кофар интернетро минбар”.
Ба гуфтаи муаллиф аз ҳама аламовараш ин аст, ки зиёиёни мо ба хотири он ки дар “рӯйхати сиёҳ”-и “фанатик”-ҳо наафтанд, садо баланд накарда таҳаммул мекунанд.
Абдуқодир Абдуқаҳҳор дар хитоб ба зиёиёни хомӯш навиштааст:
Таҳаммул гар чи маҳмуд асту нафъи бекарон орад,
Вале бояд начандонаш, ки мардиро зиён орад.
Ба гуфтаи директори китобхонаи ба номи Лоҳутӣ “бетарафии мо буд ки аз дасти ин чалласаводони тахтаришу бузришу кӯсариш Империяи Сосониёну бузургдавлати Сомониёнро аз даст додем. Ҳамин мутаасибон Рӯдакиро кӯр карданду Фирдавсию Синову Носирро дар ба дару бе хонаву дар. Ҳамин ҷоҳилон пеши раҳи олиму ихтироъро гирифтаву Фарангро пешгом намуданд”.
Дар охир Абдуқодири Абдуқаҳҳор фанатикҳоро гунаҳкори ҷавонмарг шудани демократия дар Тоҷикистон хондааст: “Ҳамин фанатикҳо Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданду демократияи ҷавонро ҷавонмарг. Ҳаминҳоянд, ки Ироқу Шомро аз хуни мусалмон оғӯшта карданду Ислому мусалмонро дар ҷаҳон беобурӯ. Ва боз чанд ҳаминҳои дигар...”.