Э.Раҳмон ва М.Станикзай аз тақвияти муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ гуфтаанд
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ҳамкории гуногунҷанба бо Афғонистон дар феҳристи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад. Ӯ ин нуктаро имрӯз, 17 май дар мулоқот бо Муҳаммад Масум Станикзай, раиси Раёсати амнияти миллии Афғонистон таъкид намудааст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ин дидор ҷонибҳо ба тақвияти муборизаи муштарак ва беамон алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамдастии босамар дар самти таҳкими низоми ҳифзи марзҳои байнидавлатӣ таъкид намудаанд.
Ба иттилои манбаъ, “дар мулоқот доир ба тарҳрезии иқдомоти ҷиддӣ ва муассир барои таҳкими ҳамкории наздисарҳадӣ, тақвияти иқтидори неруҳои марзбонӣ, ҳамоҳангии бештари неруҳои сарҳадӣ ба хотири таъмини амнияти миллии ҳамсоякишварҳо, таҳкими робитаю ҳамкории ниҳодҳои амниятӣ дар марҳалаи мураккаби афзоиши хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ ва гуруҳҳои муташаккили ҷинояткор дар минтақа ва ҷаҳон табодули судманди афкор анҷом дода шуд”.