Қонуни нав: Дороии пайвандони вазирон санҷида мешавад
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард, ки бар асоси он дороии наздикони аъзои ҳукумат зери назорат гирифта мешавад.
Амрихудо Дамдор, вакили Маҷлиси намояндагон, имрӯз, 17-уми май, зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт, бар асоси тағйирот аъзои ҳукумат ва аъзои оилаи онҳо муваззафанд, ки ҳар сол эъломияи молу мулкашонро пур кунанд ва ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд.
Бар асоси банди дигари тағйирот, аъзои ҳукумат барои савгандшиканӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешаванд.
Ҳукумати Тоҷикистон, аз раис, сарвазир, муовинони сарвазир, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад.