Панҷ куштаи садамаҳои нақлиётии рӯзҳои истироҳат
Дар пайи садамаҳои нақлиётии рӯзҳои 13 ва 14 май дар қаламрави Тоҷикистон панҷ нафар ба ҳалокат расидаанд.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шоми 13 май ронандаи мотосикли тамғаи “ВЕНТА”, сокини 26-солаи ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Тоҷикобод ба самти ноҳияи Рашт, дар километри 162-юми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, ба сабукрави “ВАЗ-2106”, таҳти идораи сокини 26-солаи ноҳияи Рашт бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи мотосикл ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ мегӯяд, нимарӯзи 14 май ронандаи “Опел-Астра”, сокини 56-солаи ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ховалинг ба самти ноҳияи Фархор, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти М.Вайсови ноҳияи Восеъ дучархарони 12-соларо зер намудааст: “Бо рух додани ин садамаи нохуши нақлиётӣ, мутаассифона ноболиғ бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Худи ҳамон рӯз ронандаи мошини “ГАЗ-3102”, сокини 32-солаи ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар масири “Искодар-Хушекат”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дар-Дари ин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии чуқуриаш 180-200 метр чаппа шудааст. Бар асари ин ҳодиса ронанда ва мусофири он, сокини 36-солаи ноҳияи Айнӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
“14 майи соли 2017, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 24-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, велосипедрон, марди 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Мутассифона, аз беэътиноии ронанда, велосипедрон бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст”,-меафзояд манбаъ.