Фатвои Шӯрои уламо: Ирсоли “sms”-ҳо барои кушоиши кор дуруст аст?
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар бораи паёмаку номаҳое, ки гӯиё фиристодани онҳо ба чанд кас кушоиши кор меорад, шарҳ додааст.
Бунёдҷон, як корбари сомонаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, изҳор доштааст, “дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки фалон имом дар хобаш Паёмбарро дидааст ва ба ӯ чунин гуфтааст: Агар ту ин номаро хонӣ ва ба фалон нафар равон кунӣ, корат пеш меравад, агар бепарвоӣ кунӣ, ҳолат хароб мешавад. Назари уламо ба ин масъала чист?”.
Шӯрои уламо дар посух изҳор доштааст, ки кушоиши корҳо бо хондан ва равон кардани нома ва ҳолати баръакси он асос надорад, балки як иддаои маҳз аст. Ин ниҳод таъкид кардааст, ки пеш рафтани корҳо ба воситаи меҳнати содиқона ва хайру баракат хостан аз даргоҳи Худованд ба даст меояд.