Масъули Оҷонсӣ: Аз кирдорҳое, ки шаъну шарафи хизматчиёни давлатиро паст мезанад, худдорӣ намоед
Оҷонсии мубориза бо коррупсия ва Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар як нишасти муштарак дар Душанбе масоили ҷилавгирӣ аз зуҳуроти коррупсиониро ба баррасӣ гирифтаанд.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҳадафи ин нишастро, ки 12 май баргузор шуд, “амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ, омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия вобаста ба татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Тоҷикистон” мегӯяд.
Ба иттилои манбаъ, Абдукарим Маҷидӣ, сарнозири Сарраёсати пешгирии коррупсияи Оҷонсӣ дар бораи моҳияти қабули Стратегияи зиддикорупсионӣ иттилоъ дода, афзудааст, аз ҷониби Агентӣ ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа тағйиру иловаҳо ворид гардидаанд. Ба иттилои манбаъ, ин масъули Оҷонсии мубориза бо коррупсия ҳамзамон даъват намудааст, ки “аз ҳама намуд кирдорҳое, ки сабаби бавуҷуд омадани зуҳуроти коррупсионӣ мешавад ва шаъну шарафи хизматчиёни давлатиро паст менамоянд, худдорӣ намоянд”.
Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддинҳисорӣ дар навбати худ иброз доштааст, ки бар асоси дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар, мубориза бо коррупсия на танҳо вазифаи кормандони соҳа, балки вазифаи ҷонии ҳар як фарди ватан аст.
Таъкидҳо барои муборизаи беамон бо коррупсия дар ҳолест, ки тайи ду ҳафтаи ахир дар бораи боздошти чанд масъули собиқ ва амалкунандаи Оҷонсии зиддифасод хабарҳо мерасад. Бар асоси хабарҳои нашршуда, миёни боздоштшудаҳо Давлатбек Хайрзода, муовини пешини раиси агентӣ ва Фирӯз Холмуродзода, муфаттиши калони ин ниҳод ҳастанд.