(НАВШУДА) “Малика баъди он бедарак шуд, ки фаҳмид шавҳараш зан гирифтааст”
Бо гузашти 10 рӯз ҳанӯз аз Малика, як сокини ноҳияи Нуробод дарак нест.
Маликаи 26-cола, ки се фарзанд дорад, рӯзи 8 майи соли равон аз хонаи шавҳараш дар рустои Зорони Нуробод баромада, дигар барнагаштааст. Мастура Додарова, холаи Малика рӯзи 16 май дар суҳбат ба “Озодагон” далели ин амали ӯро ба зани дигар гирифтани шавҳараш рабт дода буд: “Падари шавҳараш қасам хӯрдааст, ки бояд писарашро зани дуюм диҳад. Вақте Малика мефаҳмад, ки шавҳараш зани дигар гирифт, гуфтааст, ба хонаи модари он зан меравад ва бо ҳамин бедарак шуд”.
Муллоаббос Ғафуров, хусур ё падаршӯи Малика ҳам 18 май дар як суҳбати телефонӣ тасдиқ кард, келинаш баъди фаҳмидани хабари зани дуввум гирифтани шавҳар дар Русия субҳи барвақт аз хона баромада рафтааст. “Хоҳараш шаби 7 омада хабар мекунад, ки шавҳарат зан гирифтааст. Малика соати 4-и саҳар, вақте ҳама дар хобанд, баромада меравад”,-гуфт ӯ.
Ба иддаои Ғафуров, келинашро чанд сокини деҳа дар роҳ дида, пурсидаанд, ки куҷо меравад, аммо вай ҷавоб надодааст. Ӯ таъкид намуд, ки келинаш дар асл духтари амакаш аст ва касалии руҳӣ дошт: “Шавҳараш чи хеле, ки аз вай дилмонда шуда буд ва ахиран онҷо зан гирифт”.
Вале Мастура Додарова, холаи Малика хабари касали руҳӣ будани ҷиянашро беасос медонад. Ӯ аз Малика “як духтари Қуръонхон” тавсиф кард ва гуфт, ҳеч гоҳ аз амри шавҳараш сарпечӣ намекард: “Бе иҷозаи ӯ ҳатто ҷуръат намекард то хонаи хоҳараш, ки дар ҳамон деҳа аст, биравад”.
Наздикони Малика мегӯянд, ӯ дар хурдсолӣ бо ду хоҳар аз модар маҳрум шуда, дар тарбияи бибӣ ва бобояш ба воя расидааст. Ба гуфтаи онҳо, ӯро дар овони хеле ҷавонӣ ба як хеши наздики бобояш ба шавҳар доданд.
Наздикони Малика мегӯянд, ӯ чеҳраи сабзина, қади миёна, мӯй ва чашмони сиёҳ дорад. Аз онҳое, ки Маликаро дидаанд ё дар борааш чизе медонанд, хоҳиш мешавад, бо шумораи 988 63 14 30 тамос бигиранд.
Ин аксро наздикони Малика дар ихтиёри “Озодагон” гузоштанд. Ин акси даврони мактабхонии ӯ буда, ҳоло чеҳрааш каме тағйир кардааст.