Ҳамзамон, Алишер Исоев, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҳамадонӣ иддао дорад, ки аз вазъи бемории хонандагон ва сокинони ин русто масъулини ноҳия ва ҳукумати марказӣ огаҳанд. Шӯъбаи маориф дар якҷоягӣ бо табибони силшиноси ноҳия барои хонандагони ин мактаб мунтазам кӯмаку ёрӣ мерасонанд.Ташхиси бепул ва таъмини дорувории зидди сил барояшон ройгон ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, вазъ тақрибан бетағйир мемонад. Соле пештар ҳукумати маҳаллӣ барои кӯчондани сокинони русто ба мавзеи бехавф, барои 20 оила қитъаҳои замин ҷиҳати бунёди манзили зист ҷудо карда буд. Аммо аҳолӣ бо иллати камбуди маблағ ва нотавонӣ дар мавриди сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, нахостаанд ба мавзеи нав кӯч банданд.
Маҳмад Мириқулов, як омӯзгори кӯҳансоли русто мегӯяд, шояд хоки ин деҳа заҳролуд аст ва сокинон гирифтори беморӣ мегарданд. Барои ташхис ҳатто хоки ин мавзеъро табибони немис дар ташхисгоҳи чумҳурии Олмон санҷидаанд, вале ҳанӯз ҳам муайян накардаанд, ки иллат дар хок ҳаст ё не. Ҳамакнун, сокинони русто ният доранд, сар аз соли нав манзили зисташонро ба мавзеи нави ҷудошуда иваз намоянд.