Шикояти “стюардес”-ҳо аз раиси “Тоҷик Эйр” ба Президенту прокурор
Шуморе аз кормандони ширкати ҳавонавардии “ТоҷикАйр” бо ирсоли як номаи боз ба унвони Президенти Тоҷикистон ва Додситонии куллу Оҷонсии зидди фасод ва Вазорати нақлиёт аз ғайриқонунӣ пойин бурдани маошашон аз ҷониби роҳбарияти ширкат шикоят кардаанд.
Дар ин нома, ки зери он 73 корманди меҳмондори ҳавопаймо (бортпроводник)-и ин ширкат имзо гузоштаанд, навиштаанд, “маҷбуранд барои дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои корияшон, ки аз ҷониби директори генералии ширкат Хайрулло Раҳимов нақз шудаанд, ба раисиҷумҳур муроҷиат намоянд”.
Ин шикояти кормандон бар пайи як фармоиши роҳбари ширкат таҳти №6-15 аз 21.04.2017 “Оид ба тағйир додани шартҳои музди меҳнат” навишта шудааст. Ба иддаои имзогузорони номаи боз, фармоиши мазкур кам кардани маоши онҳоро пешбинӣ менамояд.
Роҳбарияти ширкат дар фармоиш, далели поин бурдани музди меҳнати кормандонро ба хотири “нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ ва пешгирии оммавии ихтисори шумора ё воҳидҳои кории кормандон” дониста, таъкид карда, ки “бинобар душвориҳои дорои хусусиятҳои молиявӣ, ки нигоҳ доштани музди меҳнати пешинаро имконият намедиҳад”, даст ба ин иқдом задааст. Дар фармоиши роҳбарияти ширкат зикр шуда, ки поин бурдани музди меҳнати тамоми кормандон дар назар аст.
Аммо муаллифони нома зикр кардаанд, ки фармоиш пеш аз ҳама ба кормандоне дахл дорад, ки дар қисми меҳмондории ҳавопаймо кор мекунанд. Муаллифони мактуб навиштаанд, ки дар мулоқоте, ки бар пайи ин иқдом роҳбари ширкат Хайрулло Раҳимов бо онҳо доштааст, зикр намуда, ки мо мехоҳем музди меҳнати шуморо бо ҳамтоёни шумо, ки дар дигар ширкатҳои ҳавонавардӣ кор мекунанд, баробар кунем. Раҳимов гуфтааст, ки “мо дар як кишвар зиндагӣ мекунем ва набояд музди меҳнати кормандоне, ки ҳамин навъи хидматрасониро анҷом медиҳанд, аз дигарон фарқ кунад”.
Соҳибони мактуб навиштаанд, ки дар кишвар ба ҷуз ширкати давлатии “ТоҷикЭйр” боз ширкати “Сомон Эйр” мавҷуд аст ва Хайрулло Раҳимов шеваи пардохти музди меҳнати ин ширкатро дар назар дорад. Хайрулло Раҳимов мехоҳад, дастмузди соатиро барои соати парвоз кам ва ҷубронпулиро барои кори шабона аз байн бибарад, ки чунин низоми пардохти музди меҳнат дар “СомонЭйр” роҳандозӣ шудааст.
Муаллифони мактуб иддао кардаанд, ки чунин иқдоми роҳбари “ТоҷикЭйр” ба қонунгузории меҳнатии кишвар муғойират дорад. Онҳо дар ин замина ба “Феҳрасти хидматрасониҳо, касбҳо ва вазифаҳои дорои шароити кори хатарнок”, ки бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ишора кардаанд, ки бар асоси он кормандони ҳамроҳи ҳавопаймо ҳангоми парвоз ба қисмати кормандоне дохил мешаванд, шароити корашон хатарнок аст ва барои ин қисмат қонунгузорӣ музди меҳнати баланд пешбинӣ намудааст.
Ҳамчунин ин кормандон бо такя ба нуктаҳои бешумори қонунгузории кишвар ин иқдоми роҳбари худро ғайриқонунӣ ҳисобида, навиштаанд, ки “ба ҳамаи ин нигоҳ накарда роҳбарияти ширкат имрӯз кормандонро водор кардаанд, ки шартномаҳои меҳнатиро бо шартҳое, ки ба нафъи кормандон намебошанд, имзо намоянд, ки ин худ ба моддаҳои 28 ва 3-и Кодекси меҳнати ҶТ мухолифат менамояд. Ва ҳоло бештари кормандонро ба ситод даъват карда, маҷбур менамоянд, ки шартномаҳои навро имзо кунанд”.
Ин муаллифон гуфтаанд, дар дайи ин иқдом интизор меравад, кормандоне, ки шартномаҳои навро имзо намекунанд, барканор шаванд, зеро роҳбари ширкат гуфтааст, ки “ӯ вазифадор шудааст, ки тамоми ҳайати меҳмондории ҳавопайморо нав кунад”.
Ин кормандон гуфтаанд, ки ин суханҳоро раҳбарияти ширкат дар ҳоле мегӯяд, ки барои омода кардани як корманди меҳмондории ҳавопаймо вақт ва маблағи зиёде зарур аст. Ҳамчунин муаллифони мактуб гуфтаанд, ки то омадани Раҳимов ба раъси ширкат онҳо ҳам аз ҳисоби ширкат ва ҳам аз ҳисоби худ курсҳову давраҳои омӯзишии зиёдеро фаро гирифтаанд.
Муаллифони мактуб ҳамчунин навиштаанд, ки онҳо аз ҳисоби худ ҳам барои пешрафти ширкат ҳиссагузорӣ намудаанд. Соли гузашта аз онҳо 1800 сомонӣ барои либоси вижа талаб намудаанд ва ҳамчунин ҳангоми таҳсил дар курсҳои хориҷ аз кишвар аз ҳисоби худ маблағи иқоматро пардохт намудаанд, ҳол он ки бар асоси шартнома ин уҳдадории ширкат мебошад.
Ҳамчунин ин ҳайати кормандон гуфтаанд, ки Хайрулло Раҳимов мутахассиси ин соҳа нест ва назокатҳои кори ин соҳаро хуб намедонад ва ҳамин аст, ки дар фаҳмиши кори ҳайати меҳмондории ҳавопаймо ба мушкил дучор шудааст.
Ҳарчанд муаллифони мактуб ба вуҷуди мушкилоти нави молиявӣ дар ширкат шак кардаанд, вале гуфтаанд, агар чунин мушкилоте дар ширкат вуҷуд дошта бошад, гунаҳкор худи Хайрулло Раҳимов мебошад.