Мардеро, ки “думбаҳояш”-ро дар “Евровижн” намоиш дод, 5 соли зиндон таҳдид мекунад
Виталий Седюк, шаҳрванди Украинаро, ки дар озмуни “Евровижн” ба саҳна баромада, суринҳои худро ба намоиш гузошт, то 5 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад. Дар ин бора Арсен Аваков, вазири умури дохилии Украина хабар додааст.
Ӯ дар саҳифаи фейсбуки худ навиштааст, “Седюк бар пояи банди 208-и Кодекси ҷиноии Украина 72 соат ба ҳабс гирифта шуда, 15 май парвандаи ӯро додгоҳ дар асоси моддаи 296, ки аз ҷарима то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, баррасӣ хоҳад кард”.
Шаби 13 май дар шаҳри Киев даври ниҳоии озмуни ҳунари “Евровижн” баргузор шуд ва Виталий Седюк ҳангоми сурудхонии Ҷамола, намояндаи Украина дар пушт парчами Австралия ба саҳна баромада, суринҳои худро намоиш дод. Муҳофизон зуд ӯро аз саҳна берун бурданд. Дар шарҳи амалаш гуфтааст, “ғайрирасмӣ ҳамчун рӯзноманигори ҳангомасоз кор мекунад”.
Барои ин рафтори Седюк рӯзноманигоре аз Австралия узр пурсида, гуфт, ин шахс кишвари ӯро намояндагӣ намекунад. “Амали ин мард моро хеле тарсонд. Бисёр мутаассифам", - афзуд ӯ.
Имсол намояндаи Португалия дар озмуни “Евровижн” баранда эълон шуд.