Президент истеъфои Маҳмудзодаро пазируфт
Маъруф Маҳмудзода, ки моҳи феврали соли 2016 директори генералии «Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа» таъин гардид, аз мақомаш истеъфо додааст.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” Маҳмудзода бо ихтиёри худ аризаи аз кор рафтанашро пешниҳод кардааст ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат ӯро аз мақоми директори генералии «Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа» озод намудааст.
Маҳмудзода то моҳи феврали соли 2016 ҳудуди 6 сол Директори генералии «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» буд ва бо қарори ҳукумат 22-юми феврали соли гузашта директори генералии «Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа» таъин гардида буд. Далели аз кор рафтани Маҳмудзода то ҳол шарҳ дода нашудааст.