Тағйири вақти сабқати “Истиқлол” ва “Олтин-Асир” ба далели Рамазон
Соати бозии даври ниҳоии марҳалаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Олтин –Асир”-и Туркманистон бинобар сабаби гармии ҳаво ва фарорасии моҳи шарифи Рамазон тағйир дода шудааст.
Бино ба иттилои Федератсия футболи Тоҷикистон бозии ин дастаҳо мебоист 31 май соати 15:00 дар Душанбе доир мешуд, аммо бо дархости ҷониби Тоҷикистон Конфедератсияи футбози Осиё замони бозии дастаҳоро ба соати 20:00-и шаб гузаронидааст.
Ба иттилои манбаъ, бозии мазкурро доварон аз Умон Яъқуб Саид Абдулло Абдул Боқӣ бо Абдулло Алӣ Абдулло Ал-Ҷардонӣ ва Ал-Ҳакманӣ Рашад Рашид Саид ҳакамӣ хоҳанд кард. Нозири бозӣ Момбени Ҳидоят аз Эрон ва комиссари бозӣ Юнг Таенам аз Кореяи ҷанубӣ интихоб шудаанд. Дастаи ғолиб дар ин дидор ба рақобатҳои дигари мусобиқоти Ҷоми AFC-2017 роҳ меёбад. “Истиқлол”-и Душанбе дар мусобиқоти марҳилаи гуруҳии Ҷоми AFC -2017 бо “Олтин Асир”-и Ишқобод, “Дордой”-и Бишкек, “Олой”-и Ош ҳамгуруҳ аст ва бо 10 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад.