Президент: Ҷанги солҳои 90 аз масҷидҳои Хатлон бархест
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 13-уми май дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон баробари масоили иқтисодӣ иҷтимоӣ, гаравиши ҷавононро ба ҳаракатҳои ифротгароӣ ва тақлид аз фарҳанги бегонаро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот изҳор дошт, ки нисбат ба 744 сокини Хатлон барои ҷалб ва иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, аз ҷумла Сурия ва Ироқ парванда оғоз карда шудааст: “Айни замон 507 нафар сокинони вилоят, аз ҷумла 70 оила дар ҳайати 252 нафар (84 нафар мардҳо, 76 нафар занон ва 92 нафар ноболиғон) дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ иштирок доранд ва мувофиқи маълумоти дастрасшуда 60 нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд. Тибқи таҳлилҳо бештар аз ҳама сокинони шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Ҷалолиддини Балхӣ, Қубодиён, Вахш, Бохтар, Шаҳритус, Кӯлоб, Фархор, Восеъ ва Ҳамадонӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар қаламрави давлатҳои дигар иштирок доранд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон зикр кардааст, аз 1519 нафар сокинони вилоят, ки барои гирифтани таҳсилоти динӣ ғайриқонунӣ ба хориҷа рафтаанд, 1334 нафар баргардонида шудааст ва 185 нафар то ба ҳол дар кишварҳои хориҷӣ қарор дорад.
Президент гуфтааст, “кирдору рафтори имрӯзаи баъзе сокинони вилоят, аз ҷумла бархе аз ҷавонон, ки гирифтори доми фиреби равияҳои хатарноки экстремистиву террористӣ, афкору андешаҳои барои миллати мутамаддину фарҳангии мо бегона ва махсусан хурофоту бегонапарастӣ шуда, ҳатто ба тарзи либоспӯшии бегона тақлид мекунанд, боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад ва аз ҳамаи мову шумо андешидани чораҳои қатъиву саривақтиро тақозо дорад. Занону духтарони мо набояд фаромӯш кунанд, ки мо ҳамчун миллати бостонӣ сару либоси миллӣ ва тарзу одоби либоспӯшии худро дорем”.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки “мо ҳаргиз муҳтоҷи ҷаҳонбиниву мазҳаби бегона нестем ва кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини исломро қотеона маҳкум мекунем. Мардуми Тоҷикистон ҳанӯз фаромӯш накардаанд, ки оташи ҷанги шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-ум маҳз аз масҷидҳои вилояти Хатлон бархоста буд. Бинобар ин, мо бояд ба ҳар гуна рафтору кирдорҳои нангину хатарноки гароиш ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротӣ ва гумроҳ кардани мардум, алалхусус, ҷавонон нуқта гузорем ва ба хотири таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва манфиатҳои давлату миллат доим ҳушёру зирак бошем”.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур меъёре, ки дар Конститутсияи мамлакат доир ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани Тоҷикистон дарҷ шудааст, бо майлу иродаи мардуми шарифи кишвар қабул гардидааст ва он тағйирнопазир мебошад: “Ман ҳамчун Роҳбари давлати Тоҷикистон даст болои Конститутсия гузошта, савганд ёд кардаам ва тамоми саъю талоши худро ба он равона месозам, ки дар мамлакат риояи ҳатмии меъёрҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, яъне волоияти қонун таъмин карда шавад”.
Президенти Тоҷикистон инчунин хостори ошкорбаёнӣ ва ташкили микрофонҳои озод миёни мардуми кишвар шудааст: “Ман ба шахсони мутасаддӣ супориш додам, ки микрофонҳои озод ташкил карда, ҳамаи шароитро муҳайё намоянд, ки халқ ва ҳар як оила фикрашро то охири моҳи июн дар бораи манфиати танзими расму ойинҳо, беҳтар кардани қонун, доир ба онҳое, ки ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, инчунин, шахсоне, ки суннату арзишҳои неки миллиро нодида гирифта, ба бегонапарастӣ майлу гароиш доранд, озодона ва рӯирост баён намояд. Зеро ин масъалаҳо, яъне танзими расму ойинҳо, риояи қонуният ва эҳтироми либоси миллӣ бо масъалаи амнияти давлат ва ҷомеа робитаи мустақим доранд. Гузашта аз ин, шинохти ҳувияти миллӣ, эҳтироми таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, гиромидошти муқаддасот ва арзишҳои миллӣ шарти муҳимтарини миллатсозӣ ва давлатсозӣ мебошад”.