Гузориши аксӣ аз иштироки Президент дар ярмаркаи Данғара (АКС)
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 13-уми май аз иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ярмаркаи фурӯши чорво ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара гузориши аксӣ нашр кардааст. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 майи соли 2017 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилояти Хатлон 947 ҳазор сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 482 ҳазор сар модагов, 2 миллиону 317 ҳазор сар моли майда, 57,9 ҳазор сар асп, 1 миллиону 739 ҳазор сар парранда ва 59,7 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад.