Қарори ҳукумат барои эмгузаронии иловагӣ дар Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки дар кишвар ба зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон эмгузаронии иловагӣ роҳандозӣ шавад.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ эмгузаронии иловагӣ аз 15 то 26-уми май идома хоҳад дошт.
Манбаъ афзуд, эмгузаронӣ кӯдакони аз 1 то 9-соларо фаро хоҳад гирифт.
“Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” тасмим гирифтааст, ки барои шарҳи бештари ин маърака 15-уми май соати 9 дар бинои муассисаи мазкур барои рӯзноманигорон мизи мудаввар баргузор мекунад.