Тоҷикистон 14,6 тонна захираи тилло доштааст
Тоҷикистон аз рӯи захоири тилло дар раддабандии нави ҷаҳонӣ пеш рафта, мақоми 64-ум гирифтааст.
Созмони “World Gold Council”, муаллифи ин раддабандӣ, захираҳои тиллои Тоҷикистонро 14,6 тонна арзёбӣ карда, изҳор доштааст, ки тилло 84,5 дарсади тамоми захоири асъору тиллои Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Тибқи ин раддабандӣ аз кишварҳои Шӯравии пешин аз ҳама бештар захоири тиллоро Русия доштааст, ки бо 1680,1 тонна тилло дар мақоми 7 ҷой гирифтааст. Қазоқистон бо 267,7 тонна тилло дар ҷойи 21 қарор гирифтааст. Белорус мақоми 48 (40,7 тонна), Озарбойҷон – 62 (20 тонна), Украина – 57 (25,5 тонна), Латвия - 79 (6,6 тонна ), Литва – 82 (5,8 тонна) ва Қирғизистон ҷойи 84 (4,9)-ро соҳиб шудааст. Се кишвари дигари пасошӯравӣ Арманистон, Узбакистон ва Туркманистон дар раддабандӣ ҷой дода нашудаанд.
Дар зинаи аввали раддабандии “World GoldCouncil” ИМА қарор дорад, ки 8133,5 тонна тилло доштааст. Олмон бо 3377,9 тонна тилло дар ҷои ду, Италия бо 2451,8 тонна дар ҷои се ҳастанд. Фаронса бо 2435,9 тонна ва Чин бо 1842,6 тонна тилло шомили панҷгонаи раддабандӣ шудаанд.