Президент: Мардуми Данғара табиатан китобдӯсту маорифпарваранд (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 12-уми май зимни боздид аз ноҳияи Данғара ду мактаби навро дар деҳаҳои Сангтуда ва Хуррамзамин ба истифода дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, мактаби №9 дар деҳаи Сангтудаи ноҳияи Данғара барои 1320 хонанда ва мактаби №8 дар деҳаи Хуррамзамин барои 560 нафар ба таври замонавӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Манбаъ афзуд, Президент аснои суханронӣ дар расми ифтитоҳи мактаби №8-и деҳаи Хуррамзамин гуфтааст, мардуми ноҳияи Данғара табиатан китобдӯсту маорифпарвар буда, ба омӯзиши илму дониш рағбати зиёд доранд: “Дар бисёр сарчашмаву манбаъҳои таърихӣ ин мавзеъ аз ҷумлаи минтақаҳои хеле қадимаи мардуми тоҷик муаррифӣ шудааст. Дар ҳудуди ноҳия мавҷуд будани оромгоҳи олимону орифони маъруф гувоҳи ин гуфтаҳо мебошад”.
Ба итилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи мулоқот ҷиддан таъкид намудааст, ки мактаби имрӯза вазифадор аст, ки бо дарназардошти таъминоти пурраи воситаҳои таълиму тарбия, на танҳо ба донишомӯзӣ, балки ба ахлоқу рафтори насли ҷавон аҳаммияти асосӣ диҳад. Раисиҷумҳур аз устодон ва волидон даъват кардааст, ки таваҷҷуҳи наврасонро барои аз бар намудани фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бештар ҷалб кунанд ва ба ташаккули ҷаҳонбинии фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву заҳматдӯстӣ тарбия намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби №9-и деҳаи Сангтуда аз ҳодисаҳои даҳшатбори солҳои охир дар баъзе кишварҳои олам ёдовар шуда гуфтааст, ки ин аъмол асосан аз ҷониби ҷавононе содир шуда истодаанд, ки саводи кофӣ надоранд ва ҳамчун бозичаи дасти доираҳои манфиатҷӯй ва ашхоси ҷиноятпеша истифода мешаванд.
Раисиҷумҳур афзудааст, ҳукумати кишвар ва сохтору мақомоти давлатӣ барои пешгирӣ кардани таъсири чунин равандҳои хатарнок ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ҳамаи чораҳоро амалӣ карда истодаанд: “Вале хотирнишон месозам, ки дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъулони соҳаи маориф, падару модарон ва умуман аҳли ҷомеа бояд дар ин самт бисёр фаъол бошанд, ба тарбияи фарзандони худ ва наврасону ҷавонон эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд, онҳоро аз роҳи бад гардонанд ва нагузоранд, ки ҷавонони мо таҳти таъсири ақидаҳои хурофотпарастонаву ифротӣ қарор гиранд”.