Фасоди бузург: иродаи сиёсӣ ва суолҳои бепосух
Иршод Сулаймонӣ
Яке аз муваффақтарин раҳбарони пирӯз бар фасод ё коррупсия пешвои ислоҳотгари Сингопур Ли Куан Ю гуфта буд, ки дар роҳи нест кардани фасод шарти асосӣ вуҷуди иродаи қотеъи сиёсӣ аст. Ҳоло ки дар кишвар хабарҳои нимарасмие дар мавриди боздошти мансабдорони баландпояе бо маблағҳову дороиҳои ҳангуфт 1 милюну 35 милюндолларӣ расонаӣ мешаванд, сару садоҳо дар бораи қотеъияти мубориза бо фасод ҳам шунида мешавад. Дар воқеъ таҷрибаи Тоҷикистон дар амри мубориза бо фасод ва ташкили ниҳоди вижае ҳам дар ин росто нишон дод, ки набуди иродаи қотеъи сиёсӣ боис ба рушди фасод шудааст. Акнун, ки мансабдорони баландрутбаву баландмақоми Оҷонсии мубориза бо фасод бо миллионҳо дуллор ва хонаву дороиҳои сершуморе боздошт мешаванд (ин ҳодисаҳоро то кунун мақомот таъйид накардаанд) ба назар мерасад, ки гӯиё ирода ва истротежии Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо фасод тағйир кардааст. Вале дар ин росто суолҳои зиёди бепосухе вуҷуд дорад.
Суоли аввал:
Чаро то кунун ниҳодҳои давлатӣ ҳозир намешаванд ин ҳодисаҳоро барои мардуми кишвар аз тариқи расонаҳо шарҳ бидиҳанд. Агар ҳамин гуна амалиётро ниҳодҳои давлатӣ баргузор кардаанд ва агар чунин мансабдороне бо ин қадар хисороти бузург дар кишвар мансабдорӣ кардаанд, магар мардуми кишвар ҳақ надоранд, ки онҳоро бидонанд?! Мардуме, ки ин ниҳодҳову ин мансабдрон дороиву сарвати онҳоро ғорат кардаанд? Оё ин хомӯшшии аз ҳад зиёд ҳисоботдеҳ будани давлатро назди мардум зери савол намебарад? Оё ин хомӯшӣ сарусадоҳои ғайрирасмӣ дар бораи бозӣ ва ё иваз шудани қоидаҳои бозиро таъйид намекунад? Ё то ниҳояти ин амалёт мардум интизор бимонад ва бибинад, ки дар саргаҳи ин “қуллаи мурод” кӣ истод будааст?
Суоли дувум:
Чаро ба воқеият ва ҷиддияти ин ҳаводис, ки амалкарди бесобиқае мебошад, расонаҳои минтақа, пеш аз ҳама расонаҳои ҳангомабарангези русӣ таваҷҷуҳе намекунанд? Оё онҳо ба мантиқи ин амалкард шакк доранд? Ё дар ҳаққиқат онҳо дарк кардаанд, ки “ба корҳои дихили кишвари дигар” дахолат намекунанд? Ба ҳар ҳол ин сукути онҳо суолбарангез аст. Бошад, ки ба хайри мо бошад.
Суоли сеюм:
Агар аз хонаи худу модару бародари ҳар мансабдори сатҳи миёна ин қадар дороиву сарват ва маболиғ пайдо шавад, аз хонаву таҳхонаву суратҳисоби мансабдорони баландтар чӣ миқдор дарёфт мешуда бошад? Милюнҳо ба милярд ва килоҳо ба тонна табдил мешаванд?
Дар ҳар сурат ин боздошту ошкор карданҳо агар воқеият дошта бошанд ва ҳузури “муборак”-и фарзандону пайвандони мансабдорони калидӣ дар ғорат кардани мардум таъйид шавад, пас бидуни баҳс мешавад хулоса кард, ки киҳо будаанд сабаби бадбахтии мардуму Тоҷикистон! Дар ҳоле, ки барои сохтани неругоҳи “Роғун” давлат маҷбур шуд аз мардуми бе ин ҳам ндорои худ талаби пул кунад, инҳо дар хонаву таҳхонаи худ дороиву сарвати кишварро пинҳон кардаанд. Инҳо будаанд сабаби “стагнатсия”-и Тоҷикистон.
Вале суоли аз ҳама асосӣ ин аст, ки бо шуруъи ин гуна амалкардҳо мо метавонем ба зуҳури як иродаи нави сиёсӣ дар роҳи решакан кардани фасод умед бандем. Агар посух “бале” ҳаст, пас кори бузурге оғоз шудааст. Аммо дар сурати посух “не” будан ҳам, улгуйи дигари пирӯз шудан бар фасод вуҷуд надорад, ило иродаи қотеъ.
Ин корҳои оғозшуда агар иродатмандона ва содиқона бошанд, пас ин афсонаро, ки мубориза бо фасод коре ношуданӣ аст, бепоя мекунад. Ба мардум итминон медиҳад, ки дар воқеъ ҳукумат зарфияти аз байн бурдани фасод ва фасодкоронро доштааст. Бояд, ки ин зарфиятҳоро истифода кунад.
Ли Куан Ю ҳам навишта буд, ки замоне онҳо ҷанг бо фасодро шуруъ карданд, мардум механдиданд, ки ин як намоишкории беҳунарона аст, зеро дар Осиё фасод ҷузъе аз фарҳанги мардум аст ва пирӯз шудан бар он ғайримумкин мебошад. Ли Куан Ю дар оғози мубориза бо фасод як андешаи таърихиро тарҳ карда буд: “Агар инсон ришвахори решаӣ бошад, умед кардан ба он ки бо баланд кардани маошаш тозакор мешавад, буҳуда аст”. Ин андеша барои имрӯзи Тоҷикистон ҳам бисёр хос мебошад. Зеро мо шоҳид шудем, мардуме, ки барои тоза кардани фасод истихдом шуданд худ ба фасодкорони бузург табдил ёфтанд. Ба гуфти ислоҳотгари сингопурӣ “онҳоро бо комилан иваз кардани тамоми хуни баданашон ҳам намешавад дигар кард”.
Ли Куан Ю гуфта буд, ки «агар мардуми дар қудратбуда натавонад барои мардуми дигар намунаи ибрат шаванд, мубориза бо фасод номумкин аст». Ҳол бибинем, ки Тоҷикистон дар Осиё метавонад Сингопури нав шавад ё ҳамоно Тоҷикистон боқӣ мемонад?