Суғд: Боздошти шаҳрванди Қирғизистон барои фурӯши симоб
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди Қирғизистон дар шимоли кишвар хабар дод. Бахтибек Қосимбоеви 51-сола дар муомилоти ғайриқонунии моддаҳои заҳролуд муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, Қосимбоев сокини шаҳри Бишкек буда, дар ҳудуди вилояти Суғд ба муомилоти ғайриқонунии метали симоб машғул будааст: “Дар пай гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълум шуд, ки ӯ ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худро дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров содир намудааст”.
ВКД мегӯяд, боздоштшуда дар маҷмӯъ 44 киллову 670 грам моддаи заҳрноки навъи “симоби металӣ”-ро ба фурӯш бароварда, бар ивази ҳар як килограми он 45 доллари ИМА талаб намудааст. Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда дар ду навбат зарфҳои шишагин ва пластикии дар дохилаш маводи моеъи ҷилодиҳандаи нуқрагинро ба муомилот баровардааст: “Ташхиси кимиёвӣ моддаҳои заҳрноки навъи “симоби металӣ” будани далелҳои шайъиро дақиқ кардааст, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоти он ғайриқонунӣ буда бо таҳдиди ҷавобгарии ҷиноятӣ манъ карда шудааст”.
Ба иттилои ВКД, нисбати ин шаҳрванди Қирғизистон бар асоси моддаи 206 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дошта, худи ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.