Ёрии 6 миллиондолларии ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон (АКС+ВИДЕО)
Ҳукумати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар ҳаҷми шаш миллион доллар ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон нақлиёт ва таҷҳизоти иртиботӣ тақдим намуд. Расми тақдими ин таҷҳизот имрӯз, 11 май дар қисми ҳарбии 0119-и Қӯшунҳои сарҳадӣ бо ҳузури Саймумин Ятимов , раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ , фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Элизабет Миллард , сафири Амрико дар Тоҷикистон баргузор шуд. Саймумин Ятимов, раиси КДАМ аз ин кумаки ИМА истиқбол намуда, гуфт, ИМА бо эҳсоси муҳимияти мубориза бо неруҳои террористиву экстремистӣ “ба мо ва мардуми тоҷик дар лаҳзаи бисёр ҳассос кумаки худро дареғ надошт”. Ӯ афзуд, давоми даҳ соли охир Амрико ба марзбонони тоҷик чандин маврид “ба таври конкретӣ кумакҳои беғаразона кардааст”. Раиси КДАМ гуфт, “мо шоҳиди он ҳастем, ки ҳукумати ИМА дар сохтани дидбонгоҳҳои сарҳадӣ аз ҷиҳати техникӣ мустаҳкам кардани неруҳои сарҳадӣ кумаки зиёд мекунанд”. Ҷаноби Ятимов таъкид намуд, ёрии ИМА на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақа ҳам муҳим аст: “Зеро Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи тулонӣ дорад ва мо муътақид ҳастем воқеоте, ки имрӯз дар марзҳои мо мегузаранд, дар танҳоӣ пешгирӣ карда намешавад”. VIDEO
Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон аснои суханронӣ дар расми тақдими кумаки кишвараш гуфт, ҳамкории Вашингтону Душанбе дар роҳи ҳифзи марзҳои Тоҷикистон аз таҳдидҳои фаромиллӣ, ки метавонад ба субот ва амният дар Осиёи Марказӣ таъсир расонад, мусоидат менамояд. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто дар ҳоли кам гардидани буҷаи Амрико низ, ИМА тақдими чунин кумакҳоро ба Тоҷикистон идома медиҳад. Хонум Миллард афзуд, қочоқи маводи мухаддир боиси ташвиш аст, зеро маблағҳои аз ҳисоби фурӯши он ба дастомада аксар вақт барои маблағгузории созмонҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон истифода мешавад. Дар ҳамин ҳол, сафири Амрико таъкид намуд, ки ахиран дар амалӣ намудани барномаҳои худ дар баъзе соҳаҳо ба мушкил мувоҷеҳанд. Ӯ дақиқ нагуфт, ки дар кадом соҳаҳо ба мушкил дуҷор гардидаанд, аммо изҳори боварӣ кард, ин мушкилиҳо пушти сар шуда, "онҳое ки ба кумак ниёз доранд, онро мегиранд". Ба омори расмӣ давоми 25 соли ахир ИМА ба Тоҷикистон дар ҳаҷми бештар аз 1,8 миллиард доллар кумак кардааст, ки 155 миллион доллари он ба бахши низомӣ равона шудааст.