“Бой”-тарин рэпсарои дунё кист?
Шон Комбс, рэпсарои амрикоӣ, ки бо тахаллуси Diddy ҳунарнамоӣ мекунад, дар садри рейтинги рэпсароҳои гаронарзиши дунё такя задааст. Ин раддабандиро маҷаллаи маъруфи “Forbes” таҳия кардааст.
Дороиҳои Комбс 820 миллион доллар гуфта мешавад. Ӯ панҷ соли ахир пайи ҳам мақоми аввали рейтинги рэпсароҳои гаронарзишро ба худ ихтисос медиҳад. Шон Комбси 47-сола бар иловаи фаъолиятҳои ҳунарӣ соҳиби бренди маъруфи либосҳои Sean John буда, аз бренди Ciroc ва шабакаи Revolt TV ҳам ҳақ мегирад.
Дар мақоми дувуми рейтинг Шон Кори Картер маъруф ба Jay Z нишастааст. Ӯ аз Комбс ҳамагӣ 10 миллион доллар камтар пул доштааст. Картер соҳиби ширкати Roc Nation мебошад, ки ба таҳияи мусиқӣ, кино ва барномаҳои тиелевизионӣ машғул аст. Ин ширкат масъули баргузории консертҳо буда, дар Лондон, Ню-Йорк ва Лос-Анҷелес дафтари корӣ дорад.
Ҷойи сеюми раддабандии гаронарзиштарин рэпсароҳо бо 740 миллион доллар насиби Андре Ромелл Янг ё Dr. Dre гардидааст. Дар мақоми чорум Брайан Уильямс, маъруф ба Birdman (бо 110 миллион) ва дар зинаи панҷум Обри Грэм – Drake ($90 миллион) қарор доранд.
Forbes ҳангоми таҳияи раддабандӣ даромади рэпсароҳо аз фурӯши албом, маводҳо ва созишномаҳои таблиғиро ба назар гирифтааст.
Рэп дар Тоҷикистон баъди солҳои 2000-ум ӣа таври бесобиқа маъруф шуд. Аммо рэпсароҳои тоҷик мегӯянд, аз ин шуғл даромаде ба даст намеоранд ва он танҳо як "хоббӣ" мебошад.