Тавсифи Э.Раҳмон аз саҳми Абдулатипов дар ҳамкориҳо бо Русия
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Рамазон Абдулатипов, президенти Доғистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Рамазон Абдулатипов барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар баҳои баланд дода, ташрифи ӯро, ки ба рӯзҳои таҷлили 25 - солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Русия рост меояд, таконбахши рушди равобити ҳасана арзёбӣ кард: “Ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ҳавасмандии худро изҳор доштанд. Таъкид гардид, ки Россия ҳамчун шарики стратегӣ дар савдои хориҷии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад ва саҳми он дар гардиши моли кишвари мо наздики 30 фоизро ташкил медиҳад”.
Манбаъ афзуд, ки дар мулоқот имкони Доғистон дар пешрафти соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, ҷалби ширкатҳо барои фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инчунин ба манфиати ҳарду ҷониб баҳрабардорӣ намудан аз канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон, баррасӣ гардид: “Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу гуманитарӣ, маориф, табодули омӯзгорони забони русӣ, дастрасӣ ба маводи таълимӣ, инчунин сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳои ду кишвар маънидод гардид”.