Интиқоди Президент аз иҷро нашудани нақшаҳо дар “Роғун”
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо масъулини НБО “Роғун” аз иҷро нашудани бархе нақшаҳои сохтмонӣ ва истифода нашудани техникаҳо интиқод кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба масъулини “Роғун” ва ширкати “Салини Ипреҷило” таъкид кардааст, ки “дар муҳлатҳои муқарраргардида иҷро нашудани нақшаҳои пешбинишуда барои ба кор даровардани агрегати аввал то охири соли 2018 хавфи ҷиддӣ эҷод мекунанд”. Ӯ гуфтааст, “корҳое, ки барои ба истифода додани агрегатҳои аввал пешбинӣ шудаанд, назорати иловагӣ ва андешидани чораҳои фавриро тақозо менамояд”.
Раисиҷумҳур афзудааст, ки феълан 41 номгӯйи чорабиниҳо, ки барои бунёди нақбҳои сохтмонии 1, 2 ва 3 муайян шуда буданд, бо сабабҳои гуногун иҷро нагардидаанд: “Барои ба истифода додани ду агрегати аввал бояд нақби сохтмонии сеюм пурра ба истифода дода, корҳои заминӣ ва бетонрезӣ барои таҷҳизоти агрегатҳо, толори мошинҳо ва трансформаторҳо, бинои хизматрасониву истеҳсолӣ бо насби таҷҳизоти зарурӣ ба анҷом расонида, нақбҳо ва роҳҳои мошингард барои навбати аввали сохтмони сарбанд то баландии 1100 метр ба истифода супорида, минтақаҳои зериобшавандаи обанбор то баландии зикршуда омода карда шаванд. Проблемаҳои зикргардида ва дар муҳлатҳои муқарраргардида иҷро нашудани нақшаҳои пешбинишуда барои ба кор даровардани агрегати аввал то охири соли 2018 хавфи ҷиддӣ эҷод мекунанд”.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки айни замон дар корҳои сохтмони пешдарғот беш аз 330 мошину таҷҳизот, аз қабили автомашинаҳои боркаш ва экскаватору булдозерҳо мавриди истифода қарор доранд: “Ҳарчанд ки танҳо дар моҳҳои охир иқтидорҳои мавҷуда нисбатан пурра ба кор андохта шудаанд, вале ҳолати истифодаи техникаву таҷҳизот ҳанӯз ҳам беҳбудиро талаб мекунад. Зеро то имрӯз ҳамагӣ 75 фоиз мошину таҷҳизот истифода мешаванд ва дар баъзе мавридҳо як қатор мошину таҷҳизот пурра истифода намегардад”.
Раисиҷумҳур аз таҷрибаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Норак” зикр карда, изҳор доштааст, ки истифодаи хатти конвейерӣ яке аз роҳҳои самаранок истифода бурдани маблағ ва техникаи сохтмонӣ дар бунёди сарбанд мебошад: “Аз аввали таҳияи лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” низ барои бунёди пешдарғот ҳамин гуна технология пешбинӣ карда шуда буд. Хотиррасон месозам, ки мутобиқи нақша чунин таҷҳизот бояд аз ҷониби Ширкати “Салини Имперҷило” то охири соли 2017 пурра насб карда шуда, мавриди истифода қарор дода шавад. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти ширкатро зарур аст, ки корро дар самти воридоти таҷҳизоти конвейерӣ ва насби он ҷоннок намояд ва ба қафомонӣ дар ин самт роҳ надиҳад”.
Дар баробари корҳои асосии сохтмону васлкунӣ Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи минтақаи зериобшаванда низ дахл карда, гуфт корҳо оид ба кӯчонидани аҳолӣ ва муҳайё намудани шароити зарурии зист барои муҳоҷирон дар ҷойҳои нави зист бояд вусъат бахшида шаванд: “Махсус таъкид менамоям, ки як қисми роҳи Ваҳдат – Нуробод – Лахш моҳи феврали соли 2019 зери об мемонад. Аз ин рӯ, Вазорати нақлиётро зарур аст, ки аз имрӯз барои омода кардани роҳи таворавӣ дар ин минтақа чораҳои зарурӣ андешад”.
Ба иттилои раисиҷумҳур то имрӯз барои сохтмон ва барқарорсозии нерӯғоҳи барқи обии “Роғун” зиёда аз 12 миллиард сомонӣ маблағ хароҷот шуда, соли ҷорӣ дар буҷети давлат 1,9 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки тамоми шароитҳо дар майдони сохтмони “Роғун” фароҳам шудаанд ва масъулин бояд барои иҷрои саривақтии нақша тамоми корҳоро амалӣ намоянд.