Шикояти модари сарбоз аз ҳукми "сабук"-и гунаҳкори марги писараш
Модари Ҷаҳонгир Қурбонов, сарбози марҳуми тоҷик аз ҳукми 9 соли зиндон барои муттаҳам дар марги писараш изҳори норозигӣ карда, ба додгоҳи болоӣ шикоят бурдааст.
Рухсора Ҷурахонова, модари Ҷаҳонгир, сарбози марҳуми қисми низомии 747-и шаҳри Душанбе 9 соли зиндонро барои лейтинант Ёрибек Саидов сабук хонда, аз Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олӣ хоҳиш кардааст, ки ҳукми лейтинант бозбинӣ шавад.
Дилшод Ҷураев, адвокати наздикони Ҷаҳонгир Қурбонов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар шикояти кассатсионӣ таъкид шудааст, ки ҳукми Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе нодуруст банду баст шуда, он бекор ва аз сари нав дида шавад. Ҷураев қайд намуд, ки дар шикояти кассатсионӣ гап дар бораи кирдорҳои маҳкумшуда Саидов меравад, ки додрас ба он нодуруст баҳои ҳуқуқӣ додааст: “Яъне Ёрибек Саидов бояд тибқи моддаи 143 прим 1, барои тариқи шиканҷа ба марг расонидан ҳукм мегирифт, аммо додгоҳ нисбати ӯ дар асоси моддаи 391, қисми 3 ҳукм баровардааст”.
Номбурда мегӯяд, дар назар аст, мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи шикояти кассатсионии модари Ҷаҳонгир Қурбонов 11 май, соати 10:00 дар Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ёрибек Саидов, лейтинанти қисми низомии 747-и шаҳри Душанбе рӯзи 28 март аз ҷониби Додгоҳи ҳарбии гарнизонии шаҳри Душанбе ба 9 соли маҳрумият аз озодӣ дар колонияи низомаш пурзӯр маҳкум шуд. Баррасии парвандаи Саидов дар бинои Додгоҳи олӣ ҷараён гирифт ва додрас ӯро дар асоси моддаи 391 қисми 3 банди “а” муҷрим шинохт.
Ӯ қаблан тибқи моддаҳои 250 қисми 1 ва 143 прим 1 муттаҳам мешуд ва айбдоркунандаи давлатӣ аз қозии парванда хоста буд, вайро 14 сол аз озодӣ маҳрум намояд.
Баъд аз зуҳри 28 март Ёрибек Саидов сухани охирини худро дар додгоҳ изҳор дошта гуфта буд, ки “қонун чизе мегӯяд, ҳамон шавад”.
Дар баррасиҳои додгоҳӣ айбдоркунандаи давлатӣ гуфта буд, 9 сентябри соли 2016 замони навбатдории Ҷаҳонгир Қурбонов ва ҳамхизматаш Меҳроҷиддин Беҳзод дар қисми низомии 2747-и шаҳри Душанбе як гармкунаки барқӣ - “радиатор” гум мешавад. Рӯзи дигар Ёрибек Саидов, лейтинанти ин қисми низомӣ ҳардуро даъват карда, дашном медиҳад. Ба қавли айбдоркунандаи давлатӣ, дар пайи фишор ва муомилаи бераҳмонаи Саидов 11 сентябри соли 2016 Ҷаҳонгир Қурбонов худро дар дохили анбори ҳезуми қисми ҳарбӣ ба дор меовезад.
Ҷӯрабек Қурбонов, падари Ҷаҳонгир гуфта буд, ки ба ин афсар ҳукми абад дода шавад,ё ҳадди ақал 20 сол аз озодӣ маҳрум кунанд.
Ба гуфтаи Қурбонов вақте ҷасади фарзандашро ба онҳо супурданд, дар бадани ӯ изи латту кӯб дида мешуд: “Ман боварӣ надорам, ки ӯ даст ба худкушӣ зада бошад, ба фикри ман ӯро чанд нафар ба қатл расонидаанд".
Сангин Саидҷонова, модари Ёрибек Саидов низ гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нест: “Ба нақли писарам ин корро ӯ накардааст. Ман низ мехоҳам тибқи қонун фарзандам ба ҷавобгарӣ кашида шавад”.
Хонум Саидҷонова мегӯяд, бо далели надоштани маблағ натавонист писарашро бо вакили дифоъ таъмин кунад. Вай афзуд: “Соҳиби даҳ фарзанд мебошам, ки Ёрибек охириншон ҳаст. Вақте Ёрибек як сол дошт, падараш вафот кард, ман бо азобу машақати зиёд модари танҳо ӯро ба воя расонидам, ки то ҳол касе аз болои ӯ шикоят накардааст. Ман ба нафақаи худам ӯро хонондаам ва ҳамаи ин гуфтаҳо нисбати писарам туҳмат мебошад”.