Мушкили сарпараст барои “Нигоҳи нав” ҳал шуд?
Шашумин Ҷашнвораи байналмилалии театрии ҷавонон “Нигоҳи нав” имсол аз 16 то 20 май бахшида ба 100 солагии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова баргузор мегардад.
Далери Имомалӣ, яке масъули “Нигоҳи нав” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, қаблан дар масъалаи пайдо кардани сарпараст мушкилӣ доштанд ва имкон буд, ки ҷашнвора баргузор нагардад.
Ба гуфтаи Далери Имомалӣ дар ин вазъ аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии кишвар ваъда додаанд, ки кӯмак мекунанд: “Ҷойи хоби иштирокчиёнро бояд таъмин кунанд. Мо имсол 34 меҳмони хориҷӣ- иштирокдорон ва доварон дорем. Махсус дар соли ҷавонон ва ҳафтаи ҷавонон умед дорам ки дастгирӣ мекунанд”.
Оқои Имомалӣ афзуд, ширкати “Сомон эйр” низ қисме хароҷоти сафари меҳмононро ба зима гирифтааст: “Ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан” низ аз рӯзҳои аввали омодагиҳо бо мо ҳастанд”.
Ӯ илова намуд, ки соли равон дар ҷашнвора панҷ намоишнома аз сӯи ҳунармандони кишварҳои хориҷӣ намоиш дода мешаванд: “Иштироки меҳмонон ва намоишномаҳо аз Эрон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон дар назар аст”.
Фестивали “Нигоҳи нав” панҷ соли қабл бо талоши як гуруҳ ҷавонон таъсис ёфта, ду соли ахир мақоми байналмилалиро касб намудааст.