80 ҳазор сомонӣ ҷаримаи сармуҳосиб барои заминфурӯшӣ
Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ сармуҳосиби кооперативи истеҳсолии “Сайёд-2006”-ро 80 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, 4 сол аз ҳаққи ишғоли мансабҳои давлатӣ ва роҳбарикунанда маҳрум намуд.
Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон маҳкумшуда Алихонов.А, соли 2013 бо истифода аз мақоми хизматӣ, бо роҳи фиреб аз шаҳрванд Қосимов 6000 доллар гирифта, 3 ҳисса замин ҷудо кардааст: “Алихонов дидаю дониста, ки ҳуқуқи ҷудо кардани заминро надорад, аз заминҳои корами обии кооперативи истеҳсолии “Сайёд-2006”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ барои сохтмони хона ба Қосимов 3 ҳисса қитъаи замин ҷудо кардааст”.
Додгоҳ Алихоновро дар қаллобӣ гунаҳкор дониста, ҷарима ва 4 сол аз ҳаққи ишғоли мансаб маҳрум намуд.