Идиев-нахустин барандаи ҷоизаи ба номи Шерализода (АКС)
Муҳиддин Идиев, рӯзноманигори тоҷик, барандаи Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи “Тоҷикистон” — Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳи Шерализода ва 2000 сомонӣ гардид.
Одили Нозир, масъули баргузории озмун ба “Озодагон” гуфт, маросими тақдими Ҷоизаи махсуси ба номи Муродуллоҳ Шерализода шоми 6-уми май зимни як чорабинӣ дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси Душанбе” баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар озмуни имсола беш аз 50 нафар ширкат кардаанд: “Муҳиддин Идиев бо навиштани матлаби “Некиро некӣ ҷавоб” бошад ғолиби озмун гардид”.
Ин Ҷоиза соли 2016 аз ҷониби Гурӯҳи муассисон ва мушовараи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” таъсис ёфта, таҳти унвони “Сад сатр аз одаму одамгарӣ” тӯли ду моҳ идома дошт.
Шариф Ҳамдампур — сармуҳаррир ва раиси гурӯҳи мушовирони “Тоҷикистон” зимни супоридани нишон изҳор доштааст, ки ҷоизаи мазкур барои гиромидошти хотири журналистони қурбоншуда дар замони ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфта, соле як маротиба ба беҳтарин қаламкаш супорида мешавад.
Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳи Шерализода нишони сарисинагӣ буда, ҳамасола бо эълони озмун дар мавзӯи мушаххас ва натиҷагирӣ аз он ба ғолиб эъто мегардад.