Душанбе интизори раисҷумҳури Доғистон
Рамазон Абдулатипов, раҳбари ҷумҳурии Доғистони Русия бо як сафари серӯза ба Душанбе меояд. Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, сафари Абдулатипов рӯзҳои 10-13 май дар назар аст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар мавриди боздиди раҳбари Доғистон ва мавзӯъҳои мавриди баррасии ӯ бо мақомҳои кишвар иттилое надодааст.
Рамазон Абдулатипов аз 23 майи соли 2005 то 6 марти соли 2009 ба ҳайси сафири Русия дар Душанбе кору фаъолият кардааст.