Ҳалокати се ҷавон зери чархи “Долун”
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати се ҷавон дар пайи бархӯрди мошини “Мусо” бо “Долун” хабар доданд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ 7-уми май, тахминан соати 1:00 мошини “Мусо” таҳти идораи сокини 28-солаи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба самти Душанде ба автомашинаи “Долун”, таҳти идораи сокини 28-солаи шаҳри Ҳисор бархӯрдааст: “Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи “Санг-Йонг-Мусо” ва мусофирони автомашинаи мазкур ду марди 27-сола, сокинони ноҳияи Варзоб ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.
Манбаъ афзуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.