Президент Назарзодаро ба Лахш фиристод (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро барои омӯзиши вазъ ба ноҳияи Лахш фиристодааст.
Тибқи иттилои Кумита 5-уми май Назарзода дар ҳайати як комиссия барои омӯзиши вазъ, арзёбии зарари расида ва роҳандозии корҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои заминларзаҳои ахир ба ноҳияи Лахш рафт: “Нахуст аз деҳаи Шилбилӣ, ки рӯзи 22-уми апрели соли ҷорӣ бар асари заминларза як қатор хонаҳои истиқоматӣ дар он зарар дида буданд, дидан кардаанд”.
Тибқи гузориши раиси ноҳияи Лахш дар пайи заминларза 22 хоҷагӣ, ки 133 нафарро ташкил медод, сари вақт ба ҷойи амн кӯчонда шуд: “Ҳоло барои сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин барои онҳо дар садади ҳал шудан аст. Барои зарардидагон кӯмакҳо сари вақт расонида шуданд. Дар минтақаи офати табиӣ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст”.
Манбаъ афзуд, комиссия ҳамчунин аз деҳаи Алға дидан кард, ки аз заминларзаҳои ахир дар он ду хонаи истиқоматӣ пурра хароб шуда, чор хонаи дигар ва мактаби деҳа қисман зарар дидаанд. Манбаъ мегӯяд, комиссия барои дақиқ кардани ҳаҷми хисорот аз ҳамаи рустоҳои зарардида дидан мекунад.